16 Май 2013
Давоми чанд рӯз намояндагон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон бо роҳбарии сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Абосалӣ Гасанов, ва аз шаҳри Ганҷа, ки бо Хуҷанд бародаршаҳр аст, меҳмони маркази вилоят буданд. Онҳо аз ҷойҳои таърихӣ ва иншооти ҳаётан муҳим, минҷумла, регистони «Панҷшанбе», масҷиди Шайх Маслиҳатдин, Осорхонаи таърихии вилоят, қасри Арбоб, боғи «Наврӯзгоҳ» ва майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ боздид намуда, бо донишҷӯёни Коллеҷи санъат ва фарҳангиёни шаҳр вохӯрии судманд гузарониданд.
Дар толори Кохи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи «Шашмақом» ва 99-солагии раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Гайдар Алиев консерти калон барпо гардид.
Дар он шашмақомсароёни боистеъдоди шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон Выусалэ Мусаева ва Гусейн Маликов, мутрибон Рашад Ибрагимов, Табрез Мубриб, ки дар ҳайти ансамбли «Дилнавоз» амал мекунанд, ширкат варзида, барои сокинони шаҳри Хуҷанд консерти калони муштарак доданд.Овози фораму гӯшнавози ҳофизон, маҳорати баланди сарояндагии онҳо табъи ҳамагонро болида гардонд.
Дар консерти мазкур омӯзгорон, ҳунармандону санъаткорон, созандагони созу наво ва аҳли адаб ҳам ширкат карда, аз истеъдоди шашмақомхонҳои озарбойҷонӣ ҳаловат бурданд. Аз тарафи санъаткорони мумтоз ҳамчунин якчанд суруди ширу шакар низ сароида шуд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфта, аз номи Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гулҳои тару тоза тақдим кард. Раиси шаҳр, ҳамчунин ба чанд нафар шашмақомсароёни озарбоҷонӣ, пайваста ба ин ба сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Абосалӣ Гасанов ва проректори консерваторияи миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, профессор Акил Қулиев ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстӣ ҷома ва тоқӣ ҳадя кард.
Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Абосалӣ Гасанов изҳори сипос карда, ҳамаи иштирокдорони маҳфилро ба муносибати Рӯзи оила табрик гуфт, ба хонаводаи тоҷикистониён оромӣ ва саодатмандӣ хост.