15 Май 2013
Дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи байналхалқии оила чорабинии идона бо номи «Оила - шаҳсутуни зиндагӣ» баргузор гардид. Нахуст сарвари Хонаи ақди никоҳ Хуршеда Хоҷаева иштирокчиёни маҳфилро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфта, ду оилаи намунавӣ ва обрӯманди шаҳрро муаррифӣ кард.
Сипас, корманди Китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ Ирода Игамова доир ба таърихи пайдоиши ҷашнгирии Рӯзи оила маълумот дод.
Меҳмонони мӯътабар оилахои Шарифовҳо ва Абдуҳамидовҳо аз лаҳзаҳои ҷолиби ҳамзистии 50-сола ва 40 солаи хеш нақлҳои ҷолиб карданд. Байни иштирокчиён доир ба сирри пойдории оила, оқибати нохуши никоҳи хешутаборӣ, эҳтироми хусуру хушдоман, ҳамсарон саволу ҷавоб доир гашт.Дар интиҳои чорабинӣ сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимова ҳозиринро бо Рӯзи байналхалқии оила шодбош гуфта, ба оилаҳои намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим дошт.
Бо нияти солиму бонуқсон ба камол расидани тифлаки навзод Абӯбакр Раҳимов сарвари оилаи Шарифовҳо ба модари кӯдак шаҳодатномаи таваллудро супорид ва орзу кард, ки бигзор фарзанди арзандаи замон гардад.