29 Май 2015
Субҳи имрӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» озмуни расмкашӣ дар рӯи мумфарш байни мактабиёни шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Иштирокчиёни озмун 20 нафар хонандагони синфҳои аз панҷум то даҳум буда, онҳо чун ғолибони даври якум, ки дар мактабҳои шаҳр доир гашта дар давраи дуюм он, ки байни мактабҳо баргузор гардид, иштирок намуданд.
Озмун ба мавзӯи «Мо кӯдакони хушбахти замон» бахшида шуда, иштирокдорони ин озмуни эҷодӣ беш аз 25 расмҳои дар рӯйи мумфарш кашидаи худро манзури ҳакамон намуданд. Ҳайати ҳакамон,ки аз кормандони масъули идораи маорифи шаҳр иборат буданд, ба расмҳои хонандагон баҳогузорӣ намуданд.
Дар натиҷаи хулосагирии ҳакамон ҷойи аввал насиби хонандагони мактаби таҳсилоти умумии № 5, ҷойи дуюмро бошад муҳассилини мактаби хусусии «Гулчини маърифат соҳиб гашта, иштирокчиёни мактаби № 22 сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Дар баробари ин бо иштироки меҳмонони дар чорабин и иштирокдошта 60 нафар хонандагони фаъолу пешқадамипанҷум ва шашуми макотиби шаҳр дар лаҳзаи тантанавӣ ба созмони талабагӣ қабул карда шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кӯдакону наврасонро бо ғолибият дар озмун ва қабул ба созмони талабагӣ табрик намуда, ба ғолибон ва тамоми иштирокчиёни озмун сипоснома тӯҳфаҳои хотиравиро супорид.