Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид.
Муфассал...

Ҷавонони сарбаланду шарафманди диёри соҳибистиқлол!
Аъзоёну пайравони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон!
Басо рамзист, ки соли равон аз таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки воқеан татбиқкунанда ва амалигардонандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон маҳсуб гардида, мақсаду ҳадафи он ин бевосита мусоидат дар таъмин намудани рушди муътадили ҷомеа, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва ташкилӣ барои интихоби роҳи арзандаи ҳаёти шаҳрвандони ҷавон равона гардидааст 30 – сол пур мегардад.
Муфассал...
Бинои муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услубҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд гардидааст.
Муфассал...
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» баргузор гардид.
Муфассал...
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28- уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муфассал...