Навгонӣ
24 Апрел 2013
Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохӯрии намояндагони кумитаҳои мухталифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф, раисони Шӯрои занони кумитаи маҳаллаҳо, минтақаҳои истифодаи манзил, имом-хатибони масҷидҳои шаҳр доир гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳр Муҳаббат Бобоҷонова оғоз бахшид.
Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова сухан карда, доир ба масъалаҳои танзими расму оин, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, коста шудани ахлоқи занон, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ибрози назар кард.Муфассал... Шарҳ додан