РАСМӢБА СОКИНОНИ ШАҲРБА САРМОЯГУЗОРОН ВА СОХТОРҲОИ ТИҶОРАТӢБА МЕҲМОНОНИ ШАҲРМАЪЛУМОТНОМА 
 
.::Шахсиятои шаҳр::.

.:: Ҳисобкунак ::.
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз66
mod_vvisit_counterДирӯз297

Марҳилаи нави созандагӣ оғоз ёфт.
18.01.12 16:22

Хуҷанд. 18 январ. Бо мақсади истиқболи сазовори 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сатҳи баланди ин санаи таърихиву сарнавиштсози халқу миллат бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд иборатан аз моҳи ноябри соли гузашта дар саросари шаҳр маъракаи 12 моҳи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ эълон шудааст ва он ҷониби ҷомеаҳои меҳнатӣ ва кулли сокинони шаҳр ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Муфассал
 
Ҳаёти созгор аз сухани созанда сарчашма мегирад.
13.01.12 14:23

Хуҷанд. 13 январ. Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, ки субҳи имрӯз дар Кохи матбуоти Хуҷандшаҳр баргузор гардид, ба ҳисоботи раисони шаҳру навоҳӣ ва сохторҳои давлатии вилоят дар ҳузури намояндагони васоити ахбори  умум оғоз бахшид.
Нимаи дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо хабарнигорони рӯзномаҳо, оҷонсиҳои иттилоотӣ, радиою телевизионҳои шаҳрию  вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ муоширати  рӯ ба рӯ орост. Дар он роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия низ иштирок доштанд.

Муфассал
 
Раҷаббой Каримов: - Сокинони соҳили рост тантанаҳои наврӯзиро дар боғи «Дӯстии халқҳо» мегузаронанд.
12.01.12 14:18

Хуҷанд. 12 январ. Ҳанӯз солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта дар қисмати соҳили рости шаҳри Хуҷанд ба хотири фароғати сокинон тавассути шинондани дарахтони сояафкан ва нишасткурсиҳову насби ҳар гуна таҷҳизоти варзишии бачагона боғе бо номи «Дӯстии халқҳо» бунёд шуд. Бо мурури замон ин мавзеи истироҳатӣ аз назарҳо пинҳон монд ва ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Вале номаш то ба ҳол боғи «Дӯстии халқҳо» аст.

Муфассал
 
Раҷаббой Каримов – номзад ба вакилии шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ
12.01.12 11:11

Хуҷанд. 12 январ. Тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Хуҷанд рӯзи якшанбеи 19 феврали соли 2012 дар ҳавзаи интихоботии рақами 13 интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Аз ин ҳавза номзадии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадҷонович Каримов ба вакилии маҷлиси шаҳрии вакилони халқ пешниҳод гардида, он аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот пазируфта шуд.

Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Мақсудҷон Иномҷонов Шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷандро ба Раҷаббой Каримов супорид.

Муфассал
 
Хуҷанд: натиҷабардорӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии соли сипаришуда 
10.01.12 18:17

Хуҷанд. 10 январ. Имрӯз дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тарбибот, намояндагони васоити ахбори  умум таҳти раёсати Раиси шаҳр Раҷҷаббой Каримов маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Аз хусуси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2011 муовини аввали Раиси шаҳр Иброҳимҷон Иброҳимов муфассал ҳисобот дод. Дастовардҳои аҳли заҳмати ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда дилпуркунандаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба нишондиҳандаҳои як сол пешина 19,8 фоиз афзуда, он дар маҷмӯъ 323,7 миллион сомониро ташкил дод. Барои таҷдиди техникӣ ва навсозии технологии корҳонаҳои саноатии қаламрави шаҳр беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷию дохилӣ равона карда шуд.

Муфассал
 
Тантанаҳои солинавии Хуҷанд
03.01.12 09:39

Хуҷанд. 1 январ. Шафати Майдони «Ситораҳои Хуҷанд», ки он ҷо арчаи солинавии наздик 20-метра бо бозичаҳою силсилачароғакҳои ҳарранга ороста шудааст, маркази чорабиниҳои умумишаҳрии солинавӣ қарор гирифт.

Дар саҳнаи идгоҳ оғоз аз 15 декабр ҳамарӯза тадбирҳои фарҳангӣ, ғолибан консерти дастаҳои ҳунарӣ ва муғанниёну овозхонон, ситораҳои эстрадаи шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд доир гардиданд.

Муфассал
 
Аввалин директори НБО-и Норак 75-сола шуд
31.12.11 11:55

Хуҷанд. 31 декабр. Рӯзи гузашта дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бо иштироки собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва фаъолони шаҳр ба муносибати 75-солагии собиқ котиби якуми кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шаҳрванди фахрии шаҳри  Хуҷанд Акобир Қозихонович Умаров ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов соҳибҷашнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин рӯзи фархундаи ҳаёташ табрик намуда, чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ аз хизматҳои тӯлониаш тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияро тақдим дошт.

Муфассал
 

 

feed-image Feed Entries

 

  ©2009 All rights reserved by LG of Khujand. Designed by CIT Kova