Навгонӣ

Дар олами бачагон: Дурахши истеъдодҳои наврасДар мактаби бачагонаи мусиқии №2 ба номи Боймуҳаммад Ниёзов озмуни мактабии “Истеъдодҳои наврас” дар ҷодаи навозандагии касбӣ баргузор гардид. Дар озмун 21 нафар хонандагони синфҳои 1-5 иштирок карданд. Озмун аз рӯйи созҳои мусиқии флейта, фортопиана, гитор, рубоб, аккордион, доира, чанг, най ва рубоби афғонӣ доир гардид. Хонандагон бо маҳорати хуби ҳунарӣ, ки аз устодонашон омӯхтаанд, оҳангҳои ҷолибро навохта, диққати аҳли толор ва ҳайати ҳакамонро ба худ ҷалб намуданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати  Иди баҳору меҳнат Иди баҳору меҳнат муборак!Ҳамшаҳриёни азиз!

Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонро барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёр аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо орзу менамоям.

Ин Иди умумиҷаҳонӣ, ки санаи 1 май, дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, таҷассумгари олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод 127 сол инҷониб ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд.

Қиммати ин иди умумибашариро тоҷику тоҷикистониён, ки дар гузаштаи начандон дур парокандагиҳои халқу миллатро дида, туфайли иродаи қавӣ ва ақли солими худ боз ба ҳам омадаанд, хуб медонад. Имрӯз, шукр аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу амният зиндагӣ доранд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ободонӣ: Бачагон намунаи ибратандВақте ду бари роҳ ва пайроҳаи ҷӯйбор тоза асту оби мусаффо шилдиросзанон ҷорӣ шуда, ба ниҳолони дарахти меваю сояафкан ва чандин хел нерӯи сабзиш мебахшад, бачагони мактабхон низ хурсанд мешаванд, зеро он самараи меҳнаташон аст.

Омӯзгорон ва хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ҳам ба ташаббуси «300 рӯзи ободонӣ ва сабзкорӣ» якдилона пайравӣ карда, ҳар шанбе ба ҳашари ободонӣ мебароянд.

Шанбеи гузашта онҳо кӯчаю танкӯчаҳои ба номи Исмат Аминов, Себзор ва Хуҷандиро аз хасу хасрӯба ва қоғазҳои беандеша партофтаи мардум тоза карда, об пошиданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аз маҷлисҳои ҳисоботӣ: Фаъолияти пурсамарДар ҶДММ «Текстил-Ситӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботию интихоботии ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати муассиса баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ибтидоӣ раиси Иттифоқи касабаи корхона Абдурозиқ Fафуров оғоз бахшид. Оид ба фаъолияти ташкилотии ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҶДММ «Текстил-Ситӣ» давоми солҳои 2011-2012  раиси ташкилоти собиқадорон Абдуҷалил Абдувалиев ҳисобот дод.

Аз ҷумла, зикр кард, ки дар давраи ҳисобот панҷ маротиба маҷлиси умумӣ 9 маротиба  маҷлиси аъзои ташкилотчиёнро гузаронд.Ташкилот 7 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 21 нафар коргарони ақибгоҳ дар солҳои 1941-1945, 8 нафар сарбозони байналмилал ва 36 нафар барқароркунандагони сохти конситутсиониро муттаҳид месозад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Паёми Сардори давлат асоси ташаккули ҷомеа: Рӯҳбаланду  шодкомемАҳли маорифи мамлакат дар радифи кормандони соҳоти дигари хоҷагии халқ Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар бо хушнудӣ ва эътимоди комил ба фардои дурахшони Ватан пазируфтанд. Дар ин бобат сарпарасти соҳа, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова андешаҳои хешро ба таври зайл ифода намуд: Воқеан, Паёми имсолаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон (26.04.2013) аз паёмҳои қаблӣ аз лиҳози пурмӯҳтаво ва муассириаш тафовут дошт. Зеро, Сардори давлат ба далелҳои мушаххас вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳуриро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ташаккули ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро собит карда, гуфт: «Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 2 миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...