Навгонӣ
28 Май 2013
Мо бояд ба кӯдакони бепарастор бештар ғамхорӣ зоҳир намоем, аз фарзандони худамон зиёдтар аҳамият диҳем, гуфт Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар тантанаи идона дар Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд.
Саҳни Хонаи кӯдакони хеле тозаву ороиш ёфта буд. Маълум, ки баргузории тантанаи идона ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар назар аст. Кӯдакони зебо, поку беолоиш ва маъсум, ки чанде гирди мизҳои идона ва чандеи дигар дар бағали мураббияҳои меҳрубон нишаста буданд, тимсоли меҳру шафқат ба одамон назар медӯхтанд. Оре, ҳолатҳои мухталифи зиндагӣ онҳоро ба ин ҷо шомил гардонидааст, аммо сухан ҳоло дар хусуси ҳифзи кӯдакон дар ҷамъияти мо меравад. Шояд мувофиқи одат аст, ки дар арафаи ҷашнҳо мо ба мавзӯъҳои мавсимӣ рӯй меорем, аммо фикр мекунам, дар арафаи идҳо ба он аҳамият додан, аз як нигоҳ ҷамъбасти солонаи фаъолияти ҳар соҳа мебошад.Муфассал... Шарҳ додан