Навгонӣ

«Дарёи муҳаббат» дар боғи Камоли Хуҷандӣ.Мутобиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади таҳкими арзишҳои оиладорӣ ва иҷроиши Фармони Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон гаштани «Соли 2015- соли оила», дар шаҳри Хуҷанд силсиламаҳфилҳо-озмун таҳти унвони «Дарёи муҳаббат» доир мегарданд. Маҳфил-озмуни навбатӣ дар боғи таърихӣ- фарҳангӣ ва фароғатии Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд.
Маҳфили номбурда бо иштироки 10 оилаи намунавии маркази вилоят доир гашт. Оилаи ҷавони маҳфил собиқаи 30 солаи оиладорӣ ва кӯҳансолтаринаш бошад, собиқаи 60 солаи оиладорӣ доранд. Иштирокдорони маҳфил аз рӯзгори оилвии худ ба иштирокчиён нақл намуда, хушбахтии оилаи худро дар осудагии оила ва сиҳатии фарзандон медонанд. Иштирокчиён тариқи суолу ҷавоб лаҳзаҳои ҷолиби зиндагии якҷоя, мушкилии рӯзгори худро нақл намуданд.
Чорабиниро намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангии занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳр шукӯҳи хоса бахшид.

(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Раиси шаҳр ҳамроҳи муроҷиаткунандагон дархостро баррасӣ намуд.Баробари муқаррар намудани рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоят пайваста барои саҳм гирифтан дар корҳои ободонии кӯчаю маҳаллаҳои худ бо пешниҳод ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат менамоянд.
Бо ин мақсад сокинони биноҳои № 83 ва №85 бо аризаи дархостӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд   санаи 08 апрели соли равон муроҷиат намуданд.
Дар аризае,ки 16 нафар бошандагони биноҳои номбурдаи хиёбони И. Сомонӣ имзо мондаанд, пешниҳоди дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр асфалтпӯш  намудани саҳни ҳавлӣ ва кӯчаи роҳгузари ин биноҳо Ҳамчунин бунёди майдончаи варзишӣ барои бозии валейбол зикр гардида буд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили ид бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар қисми низомии 3501 22-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Қабл аз ҷамъомади тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити хизмат буду боши сарбозон, таъмини маводи хӯрока ва захираи он ошно гардид.
Лозим ба ёдоварист,ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз қисми низомӣ соҳиби биною иншоотхои нав шуда, барои омодагии ҳарбӣ, омӯзиши низомӣ тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд масъулин иттилоъ доданд,ки ҳоло барои таъминоти сарбозону афсарон, тамоми намуди маводи ғизо ба ҳадди кофӣ захира карда шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба номгӯи таоми хизматчиён ҳатман таомҳои миллӣ ҳамроҳ карда шуда, беш аз ҳама ба ғизонокии онҳо эътибор дода шавад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кӯчаи навбунёд номи Мавҷуда Ҳакимоваро гирифт.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати чаҳорум яке аз кӯчаҳои маркази вилоят ба номи шоираи ширинкаломи тоҷик Мавҷуда Ҳакимова гузошта шуд.
Ба ин муносибат дар кӯчаи навбунёди маҳаллаи «Ваҳдат», ки номи Мавҷуда Ҳакимова  гузошта шуд, ҷамъомади хотиравӣ ва номгузорӣ доир гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, дар назди ҳозирон баромад намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд хизматҳои арзандаи журналист, шоира драматург ва ходими давлати қайд намуда, изҳор дошт,ки эхтироми фарзандони диёр, шахсиятҳои шинохтаи миллат аз дастуру иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Дар ҳамин замина сиёсати Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ ба он нигаронда шудааст, ки кору зиндагиномаи чунин шахсон ҳамеша бояд мавриди омӯзиш ва намунаи ибрати насли ҷавон бошад.

Мусобиқаи футболи хурд барои «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд»Бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва дастури Раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1» -и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кории Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва Федератсияи Футболи шаҳр мусобиқаи футболи хурд байни наврасони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки соли таввалудашон 2000-2002 барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд» оғоз гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футболбозони наврас аз 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок менамоянд. Рӯзи аввали мусобиқаро дастаҳои маҳаллаҳо чунин ҷамбаст намуданд:
Дастаи маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов 2-1, Маҳаллаи «Чорчароғ», «Боғ» 4 – «Содирхон Ҳофиз», «Мевағул» 8 - 0 «Сирдарё» 1, «Сайҳун 0 – 2 «Суғдиён».

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...