Навгонӣ

Мусобиқаи футболи хурд барои «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд»Бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва дастури Раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1» -и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кории Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва Федератсияи Футболи шаҳр мусобиқаи футболи хурд байни наврасони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки соли таввалудашон 2000-2002 барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд» оғоз гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футболбозони наврас аз 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок менамоянд. Рӯзи аввали мусобиқаро дастаҳои маҳаллаҳо чунин ҷамбаст намуданд:
Дастаи маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов 2-1, Маҳаллаи «Чорчароғ», «Боғ» 4 – «Содирхон Ҳофиз», «Мевағул» 8 - 0 «Сирдарё» 1, «Сайҳун 0 – 2 «Суғдиён».

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи коркарди санг бунёд хоҳад шуд.Бо назардошти захираҳои бойи сарватҳои кӯҳӣ зиёд намудани истифода ва коркарди маъдану сангҳои кӯҳӣ яке аз стратегияҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Шаҳри Хуҷанд чун яке аз марказҳои саноатии кишвар заминаҳои мусоиди таъсиси корхонаҳои гуногуни коркарди сангҳои қиматбаҳо ва маъданҳои табииро дорост. Ин нукта меҳвари асосии сӯҳбати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати роҳбарият ва кормандони Ширкати коркарди санги «Ҷобири Собир» буд.
Ширкати мазкур аз соли 2006 инҷоиб фаъолият дошта,  нақша дорад дар шаҳри Хуҷанд як коргоҳи нави худро барои коркарди санг ифтитоҳ намояд. Бо ин мақсад харидории таҷҳизоти муосир ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА бо таъсиси ҷойи корӣ барои 100 нафар пешбинӣ гаштааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр ба манзили ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда рафт.Бо мақсади беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иҷроиши саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳо, аъзоёни комиссияи даъват бо волидайни ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд шахсан мулоқот намоянд.
Нимаи аввали имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили се оила рафт, ки фарзандони онҳо аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд.
Даъватшаванда А. Ҳомидов, А. Фозилов ва Н. Қодиров аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, бе сабаб ба комиссия даъват ҳозир намешаванд. Агарчанде ба онҳо намояндагони комиссариати ҳарбӣ то оғози мавсими даъвати имсола даъватномаҳоро супорида огоҳ гардида буданд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи ягонаи мудофиаи гражданӣДар Мактаби таҳсилоти умумии миёнаи №17 шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд ва Идораи маорифи шаҳр машқи якҷоя таҳти унвони «Рӯзи ягонаи мудофиаи гаржданӣ» баргузор намуданд.
Дар ин чорабинӣ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳайси дастаи муқовимат ба офат баромад кард.
Ҳадафи асосӣ аз ин машқ мустаҳкам намудани имконият ва такмили малакаи хонандагон омӯзгорон дар ҳолатҳои фавқулодда ва офати табии аст, -гуфт, зимни сӯҳбат роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода,- мақсади муҳимтар такмил додани маҳорату малакаи хонандагон нисбати расонидани ёрии аввали тиббӣ ба офатзадагон мебошад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд озмуни оилаи беҳтарин доир мегардад.Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти беҳтарин оилаҳо, тарғибу ташвиқи оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бо назардошти эълон гардидани «Соли 2015-соли Оила» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати давоми соли 2015 дар қаламрави шаҳр байни оилаҳо гузаронидани озмуни «Дарёи муҳаббат» қарори дахлдорро ба имзо расонд.
Дар ҳамин асос Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва оид ба дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардиданд,

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...