Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Оила оғози фардои муродХонандагони азиз тавре қаблан хабар доранд кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба соли 2015 эълон шудани Соли оила ва дар сатҳи баланд доир намудани омодагиҳо ба Рӯзи оила давоми як моҳи охир якчанд чорабиниҳоро доир намуд. Чунончӣ дар доираи баргузории иқдоми (аксияи) «Бонувон дар сафи пеши созандагӣ» зери шиори «Занону духтарон ҷонибдори оила, ҷомеа ва миллати солим» дар мактабу литсейҳои ҳудуди шаҳр бобати омӯзонидани маърифати оиладорӣ бо ҷалби мутахассисон, занони рӯзгордида доир намуд. Ҳамчунин дар муассисаҳои олии вилоят силсилаи чорабиниҳо таҳти унвони «Ҳар рӯзи ман бо муҳаббат ощоз мегардад, на бо хушунат», Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осудааст», «Субҳи тулӯи дил», «Оинаи рӯзгор», «Зани оқилаву порсо, кунад марди хешро подшоҳ», «Зан-чарощи хонадон» баргузор гардида, ба чорабинӣ ҳуқуқшиносон, равоншиносон, кормандони хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, масъулини соҳаҳои тандурустӣ, маориф даъват шуданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар таҷлили «Рӯзибайналмилалии оила»Субҳи имрӯз дар тарабхонаи «Мирзоён»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи байналмилали иоила» бо иштироки оилаҳои барӯманд ва роҳбарияти МИҲД шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи оила табрику таҳният гуфта, оиларо ячейкаи ибтидоии давлат номид. Вай гуфт, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад ва аз ин рӯ, ҳамагонро лозим аст, ки дар солим нигоҳ доштани оила, тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқҳои ҳамидаи инсонӣ бикӯшанд.
Дар шаҳри мо даҳҳо оилаҳои барӯманд ҳастанд, ки худ замоне дар пешрафту гул-гулшукуфии кишвар хизмати шоиста кардаанду имрӯз бошад, фарзандону пайвандони онҳо ба ҷомеа хизмати шоиста мекунанд,- гуфт Раиси шаҳр,- оилаҳои Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, бофандаи пешқадам Мағфират Дадобоева, табиби номӣ Марҳамат Сайдуллоева ва даҳҳо дигарон, ки барои оилаҳои ҷавон намунаи ибратанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Беморхонаи касалиҳои сироятӣ сифати хизматрасонии худро беҳтар намуд.Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидти табобат ва пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ Беморхонаи касалиҳои сироятии маркази вилоят  фаъолияти худро ҳамарӯза ба сатҳи нав мебарорад.
Аз оғози сол то имрӯз маъмурияти ин муассисаи тиббӣ ва шӯъбаи муолиҷаи беморони зардпарвини бачагона аз таъмир бароварда шуда, дар рузҳои наздик таъмири шӯъбаи муолиҷаи беморони зардпаривини калонсолон оғоз хоҳад ёфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз корҳои таъмири ба анҷом расида, сифати онҳо таъмини ҷиҳози ҳуҷраҳои беморон ба беморхонаи номбурда омад. Лозим ба қайд аст, ки барои аз таъмири куллӣ баровардани биноҳои номбурдаи беморхона аз хисоби Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кӯчаҳои шаҳр мумфарш мешаванд.2 сол муқаддам Президенти Ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимини ташрифи навбатиашон ба шаҳри Хуҷанд моро вазифадор карда буданд, ки ҳар кӯчаву паскӯчаи шаҳр пурра мумфарш карда шавад, то ки шаҳри Хуҷанд чун маркази маъмурии вилояти Суғд ободу зебо бошад,- гуфт Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз зимни мулоқот бо сокинони қисмати ҷанубии маҳаллаи Раззоқи шаҳр, кӯчаи ба номи А.Раҳимбоев. Баҳри иҷрои дастуру супориши Роҳбари давлат мо тасмим гирифтем давра ба давра кӯчаҳоро таъмиру мумфарш намоем.
Ёдовар мешавем, ки мумфаршкунии кӯчаи ба номи А.Раҳимбоев, ки имрӯз оғоз ёфт, дарозиаш зиёда аз 1 км аст. Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода барои шиносоӣ аз рафти корҳои мумфаршкунии ин кӯча боздид ба амал овардва бо аҳолии ин маҳаллаи қадимаи шаҳр сӯҳбати гарму самимӣ орост.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр оилаҳои намунавиро табрик намуд.Бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ қадрдонию эътибори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нисбати шахсони барӯманд ва собиқадрони ҷангу меҳнат ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба муносибати Рӯзи оила Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдату табрикоти се нафар оилаҳои намунавии маркази вилоят, ки зиёда аз 50 сол зиндагӣ доранд, рафт.
Сараввал Раиси шаҳр ба табрики оилаи Бобоҷоновҳо омад.
Омӯзгори собиқадор Насим Бобоҷонов ва собиқадори меҳнат Саидниссо Бобоҷонова баъди фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи маориф ва коргоҳи бофандагӣ 4 нафар фарзандро ба воя расонда имрӯз даврони пирӣ меронанд.
Раҷаббой Аҳмадзода оилаи номбурдаро бо Рӯзи оила ва 50 соли зиндагии якҷояи мустаҳками намунавӣ муборакбод намуд.
Оилаи дигаре, ки Раиси шаҳр ба хотири  муборакбодии онҳо меҳмони манзилашон гашт, оилаи Юсуповҳо буд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...