Навгонӣ

Насби беш аз 140 адад симчӯб дар шоҳроҳи Истиқлол

Бо иқдому дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба корҳои ободонии шоҳроҳи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд суръати тоза бахшида шуд. Кормандони КВДК "Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ вакомуналӣ"-и шаҳр то имруз аз маҳаллаи 3-юми шаҳр то истгоҳи БДА-и вилоят баҳри чароғонкунии ин шоҳроҳ беш аз 140 адад симчӯбҳои наву замонавӣ насб намуданд. Ҳамзамон гардишгоҳи маҳаллаҳои 8-12 таҷдиду азнавсозӣ гардида истодааст.
Интизор меравад, ки гардишгоҳи номбурда кабудизор шуда, дар он ниҳолҳои сояафкан, гулу гулбуттаҳои ба мавсими зимистон тобовар шинонида мешавад.

Шанбегӣ: 30 тонна партов аз шаҳр бароварда шуд

Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 50 адад корхонаву муассисаҳои шаҳри Хуҷанд бо фарогирии беш аз 26 000 нафар барои ободониву тоза намудани гирду атрофи биноҳои худ ва кӯчаҳои асосии шаҳр баромаданд.
Ҳамин тавр, шахрвандон ба воситаи ҳашар 60 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, беш аз 400 дона гул шинонида, якчанд майдонҳоро кабудизор намуданд.
Ҳамзамон ба масоҳати зиёд роҳрав ва ҷӯйборҳои кӯчаю маҳалла тоза карданд ва дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 30 тонна партов аз шаҳр бароварда шуд.
Ҳашарчиён тани 65 бех дарахтҳоро сафед намуда, масоҳати зиёди майдони заминҳои ҳудуди корхонаро аз алафҳои бегонааш тоза намуданд.

Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Дар иртибот ба рӯйдоди шоистаи таърихӣ – биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Серж Азатович,

Санаи ҷашнии биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон бароям фурсати муносибе фароҳам овардааст, ки ба Шумо табрикоти самимии худро бифиристам.

Номаи кушод ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ

Пешгуфтор: ҳамагон медонанд, ки имрӯзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки ӯ бо интихоби лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад.  Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон мо - як гурӯҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, асли ин шахсро барояшон тавзеҳ диҳем.
Баъди иншои нома гурӯҳи мазкур банда - Юлдошев Илҳом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...