Навгонӣ

Таҳкими робита бо шаҳрвандон вусъат меёбад

Бо иқдоми Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ободу зебо намудани шаҳри азизамон ва таҳкими робитаи мардум бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ҳалли мушкилоти бавуҷудомада почтаи электронии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript фаъол гардид.
Минбаъд шаҳрвандон метавонанд доир ба камбудию ноқисиҳое, ки дар ин ё он гӯшаи шаҳр ба чашмашон меафтад, тариқи почтаи номбурда ирсол намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд доир ба пешрафту рушди шаҳри бостонии Хуҷанд фикру андешаҳои хешро манзур кунанд.
Ифшо накардани ному насаби муаллифон кафолат дода мешавад.
Ҳар маводи дастрасгардида, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дастрас ва аз ҷониби масъулин чораандешӣ карда мешавад.

«Китобхонаи беҳтарин» муайян мешавад

Бо иқдоми бахши ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” байни китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Озмуни шаҳрии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои  мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда мешавад.
Озмуни мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст.

Атласу адрас як ҷузъи фарҳанги миллӣ

Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор тадбирҳои созанда андешида шуда истодааст. Аз ҷумла дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  чунин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора ба мо аз донишкадаи мазкур хабар доданд.
Ин манбаъ афзуд, ки дар ин чорабинии идона донишҷўёни фаъол аз 4 факултетҳои донишкада иштирок намуданд.

Баргузории гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ дар Хуҷанд

Санаҳои 27-28-уми октябри соли 2017 бахшида ба Соли 2017-соли ҷавонон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ байни ҷавонон баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 80 нафар гӯштингирони хориҷи дуру наздик иштирок намоянд. Мусобиқа аз руйи меъёрҳои байналхалқӣ гузаронида шуда, аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ дар он ширкат меварзанд. Ғолибон бо ҷоиза ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.

Ҷаласаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода сурат гирифт.
Дар ҷаласаи комиссияи ҳуқуқи кӯдак шаҳрвандон роҷеъ ба масоили  иваз намудани ному насаби ноболиғон, ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакон, супоридани фарзанди ноболиғ ба хонаи кӯдакони шаҳр ва ғайраҳо муроҷиат намуданд. Ҳамзамон, аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мактубҳои дахлдори Хонаи кӯдакони шаҳр ва дигар мақомоти марбутаро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар давоми соли ҷорӣ ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 210 адад аризаҳои хаттӣ ва 61 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ва 324 адад мактубҳо аз мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо ворид гардидааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...