Навгонӣ

Чемпионати Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президент

Санаҳои 11-12 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» дар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ до баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 200 варзишгарони хуҷандӣ аз  рӯйи синну сол ва вазн байни ҳам ба рақобат мебароянд. Ғолибон бо Ҷоми Чемпионат, диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Паёми шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи милитсияМуҳофизони бонангу номус ва далеру шуҷои Ватан – кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, кулли собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ ва барори кор таманно дорам.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

alt

Тавре ВАО хабар доданд, масъулияти амали террористиро, ки чанде пеш дар Ню-Йорки ИМА содир карда шуд, ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст!) ба зимма гирифт. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки хатари ин созмони террористӣ ба амнияти ҷаҳон беш аз ҳама таҳдид мекунад.
Аз ҷумла, ба Тоҷикистон низ, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ва махсусан вақте ки таълимот, фаъолият ва аҳдофи Ҳизби дар кишвари мо мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва ДОИШ ба ҳам монанданд. Дар ин бора ҳафтаномаи «Фараж» маводе нашр кардааст, ки зарур донистем онро ба хонанадагони худ пешниҳод намоем.

Солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурўҳи ифротию террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ё ҳамон ДОИШ ба ҳайрат омадааст. Бо бераҳмии махсус куштани гурўҳ-гурўҳ одами бегуноҳ, зинда ба зинда сўзондан ё таркондани инсон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кўдакони хурдсол омўхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳои гўрмонанд, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурўшӣ, қир кардани одамон аз рўи қавму мазҳаб ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки ДОИШ анҷом додааст, ҳар рўз одамонро дар саросари дунё ба ваҳшат меорад.

Ин саҳнаҳоро дида, ҳар шаҳрванди боҳуши Тоҷикистон беихтиёр мегўяд, ки хайрият мардуми мо аз ин даҳшат дур аст, хайрият дар кишвари мо сулҳу озодӣ ҳукмфармост. Вақте, ки ман ин саҳнаҳоро аз телевизон мебинам, садҳо бор шукр мекунам, ки хайрият дар Тоҷикистон пеши роҳи ДОИШ саривақт гирифта шуд, хайрият давлати мо саривақт фаъолияти ДОИШ-ро манъ кард!

Маъруф Муҳаммадзода: «Зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин гардидааст»

Имрӯз бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва кормандони мақомоти умури дохилаи шаҳр ба шарафи Рӯзи милитсияи тоҷик дар театри мазҳака-мусиқавии Камоли Хуҷандӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди ворид намудани Парчами миллӣ ба толори театр ва садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кормандони мақомоти корҳои дохиларо бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад.

Футбол: Тоҷикистон –Ӯзбекистон 1:0Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев, ки дар бозии охиринаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола тими Узбакистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, ғолиби гурӯҳ шуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ин бозии даври охирини мусобиқоти гурӯҳи “В” шоми чоршанбеи 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба поён расид. Голи ягонаро пас аз ҳуҷуми футболбозони тоҷик Дилшод Саитов, бозигари мунтахаби Узбакистон, дар дақиқаи 53-юм ба дарвозаи дастааш зад.
Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ ёфтанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...