Навгонӣ
17 Ноябр 2017
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар саҳни таълимгоҳ хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ карданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2006 оғоз ёфта, барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.Муфассал... Шарҳ додан