Навгонӣ

altҲамватанони азиз!

Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад.

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.

Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд.

Зеро соле, ки сипарӣ мегардад, барои мардуми кишварамон давраи заҳмати софдилона ба хотири пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон буд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Мо бо соли 2017-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва соли нави 2018-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо фарорасии соли нави мелодии 2018 ҳамаи сокинони Хуҷандшаҳрро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2017 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд.

Аёдати собиқадорон аз ҷониби Раиси шаҳрРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар арафаи Соли нави милодӣ бо мақсади аёдат ба манзили собиқадори меҳнат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳхон Тоҳироваи 93 сола, Иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ Қориҷон Ахмедов, маъюби гуруҳи 1 пиразани 94 сола Марҳамат Мирмуҳаммедова, нафақахур Вера Трошенина ва  Аълочии маориф  Наима Муъминова ташриф оварда, маводи озуқавории ниёзи аввал аз қабили орд, равған, гӯшт, биринҷ, нон, тӯҳфаҳои солинавӣ ва ғайраҳо тақдим намуда, аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрикоту таманниётро ба муносибати соли нави 2018 расонд.

Комёбии 197 нафар хонандагони синфҳои болоии шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи шаҳрӣ

Даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагон барои синфҳои 9,10,11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд дар соли таҳсили 2017-2018 ба охир расид.
Ба ин муносибат дар МТҲУ №5-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона баргузор гардид. Раъно Ҳошимзода хонандагони ғолиби даври дуюми Олимпиадаи фанниро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, барои иштироки фаъолонаашон ба даври сеюми Олимпиада бурдбориҳоро таманно намуд.
Сипас, 197 нафар хонандагони синфҳои 9,10,11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, ки дар даври дуюми Олимпиадаи фаннӣ комёб шудаанд, бо Диплом ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти ректорон бо хатмкунандагони макотиби миёнаи шаҳри ХуҷандБо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад.
Дирӯз дар Кохи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда иброз дошт, ки соли равон 48 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 11 мактабҳои хусусии шаҳри Хуҷандро 2445 нафар хатм менамоянд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...