Навгонӣ

Хуҷанд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намудРӯзи 28 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт.

Яке аз онҳо собиқадори соҳаи саноат Ҳамро Тоҳирова мебошад, ки малакаю маҳорати худро солҳои зиёд барои рушди ин соҳа бахшидааст. Ҳамро Тоҳирова барои меҳнатҳои софдилонааш ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд сазовор гардидааст. Роҳбари вилоят ба собиқадори меҳнат паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, барояш саломатӣ ва давлати пирӣ таманно намуд.

Боздид аз меҳмонхонаи “Парламент” ва чойхонаи “Сирдарё”-и шаҳри ХуҷандИҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи якшанбеи 28 январ сурат гирифт, дар хиёбони Раҳим Ҷалил бо умеди ободониву сарсабзии ҳамешагии диёр дарахти ороишӣ шинонид ва сокинони шаҳрро барои вусъати корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ ба истиқболи ҷашни Сада ҳидоят намуд.

Зимни боздид аз меҳмонхонаи тозабунёди “Парламент” роҳбари вилоят бо нақшаи ободонии соҳили Сирдарё ва иншооти сохташаванда дар ин мавзеъ шинос шуд. Тибқи нақшаи ободонии шаҳр ба хотири муҳайё сохтани имкониятҳои бештари истироҳатию саёҳатӣ дар канори дарёи Сир бунёди як қатор иншоот, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхона, хобгоҳи солимгардонӣ ва чойхонаи миллӣ дар назар дошта шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкоронро даъват намуд, ки дар ободонии маркази вилоят саҳмгузор бошанд ва бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ корҳои сохтмониву азнавсозиро дар мувофиқа бо шӯрои шаҳрсозӣ вусъат бахшанд. Роҳбарияти вилоят бошад, дар иҷрои амалҳои неки созандагӣ соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.

Маъруф Муҳаммадзода: «Соли равон дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ ва сайёҳӣ ба истифода дода мешавад»Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2017 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли пурбарори таърихии таҷлили 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ устуворӣ ва тақвият бахшида шуд”.

(10 овоз, миёна 3.40 аз 5)

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоятРӯзи 28 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни як сафари корӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят шинос шуд.

Аз ҷумла, ҳолати кунунии КВД Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик санҷида шуд. Ин иншооти беназир бо кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми вилоят туҳфа гардидааст. Аммо вазъи имрӯзаи маҷмааи шиноварӣ роҳбари вилоятро қаноатманд накард. Зеро ин муассисаи варзишӣ ба мушкилоти таъмирию хизматрасонӣ дучор гардида, аз рӯи таъинот фаъолият намебарад. Вазъи ободонии муҳити атроф нигаронкунанда буда, фаввораҳо мавриди ҳифзу нигаҳдорӣ қарор дода нашудаанд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум  бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...