Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣТибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар таътили зимистона хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ба маҳфилҳои ҳунаромӯзии маркази таҳсилоти иловагии  шаҳр ҷалб карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар маркази таҳсилоти иловагии  шаҳри Хуҷанд 4 номгӯи маҳфилҳои рӯзгордорӣ фаъолона амал мекунад. Аз ҷумла дар маҳфили «Қаннодӣ» , ки дар он  188 нафар аъзоёни маҳфил  хонандагони синфҳои 7-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, оид ба тарзу василаи пухтани шириниҳо машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешаванд.

Аъзои маҳфил дар пухтани анвои гуногуни нон ва таъомҳои миллӣ мили низ ҳунари хешро сайқал мебахшанд.

Хуҷанд: Барои ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандон 1852,2 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоиёти мардум дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо амалӣ карда мешавад. Зеро масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян гардидааст.
Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 6 адад муассисаҳои иҷтимоӣ бо 461 нафар бошандагони доимӣ ва муваққатӣ фаъолият доранд. Дар соли 2017 ба 161 нафар шаҳрвандон, ки ба хизмати хонагӣ ниёз доранд, дар як ҳафта ду маротиба аз ҷониби хизматгузорони соҳавӣ хизмат расонида шуд. Ҳамчунин дар самти таъмини эҳтиёҷмандон бо воситаи техникии тавонбахшӣ ва таъмини онҳо бо аробачаи маъюбӣ 22 нафар бо аробача таъмин карда шуданд.

Паём: Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат

Дар чаҳорчӯбаи силсилавохӯриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешви миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи мардум мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид сохт, ки «Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар оғози Паёми хеш ба таври махсус ба масъалаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ руҷуъ намуда, мақоми кишвари моро дар самти изҳори вокунишҳои саривақтӣ ба хатарҳои ҷаҳонӣ ба таври барҷаста бозгӯӣ намуданд, ки ин тадбири муҳими сиёсӣ пеш аз ҳама дар истиқбол аз маҷмӯи падидаҳои барҷаставу пешрафти дунёи имрӯз ва ҳамзамон пешниҳоди ташаббусҳои наҷиб дар ҳалли муаммоҳо ва мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад”.

(12 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Даргузашти собиқ раиси НОБ-и «Норак»

Субҳи имрӯз риштаи умри Акобир Умаров, Шаҳрванди фахрии шаҳрҳои Хуҷанду Норак, собиқ раиси НОБ Норак канда шуд. Ба ин муносибат дар манзили зисти марҳум маросими видоъ сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз хизматҳои марҳум ёдоварӣ намуда, таъкид сохт, ки «Умри бобаракати Акобир Қозихонович бо маънои томаш хизмати холисона ба халқу Ватан буда, бо фазилатҳои инсонию касбиашон миёни ҷомеа, бахусус байни кормандони соҳаи энергетика мақому манзалати хосае пайдо намуда буданд. Акобир Умаров ҳамчун шахси масъулиятшинос бо дониши  пешрафта, одоби хамидаи муошират ва муносибати хайрхоҳонааш нисбати атрофиёну ҳамкасбони хеш ҳамеша соҳиби обрӯю эътибори баланд гардиданд».

Хуҷанд: Фаъолияти наздик 10 ҳазор соҳибкорон дар ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ

Дар шаҳри Хуҷанд тамоми имконоту васила барои фаъолияти соҳибкорӣ муҳайё карда шудааст. Ин буд, ки вазъи соҳибкорӣ дар шаҳр собит кардааст, ки теъдоди онҳо ба 9123 нафар расида, аз онҳо 6559 нафар бо патент ва 2564 нафар бо шаҳадотнома фаъолият дошта, дар соли 2017  1543 нафар бо патент ва 286 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти худро оғоз намуданд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли сипаригашта 6 фисад афзоиш ёфтааст.
Нишондиҳандаи беҳтарин дар ин самт дар он зоҳир мегардад, ки дар соли 2017 тамоюли  барҳамхӯрии соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 5,2 фоиз ва бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 77 фисад кам гардидааст. Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, 1866 нафар, ё 20,5 фоизи онҳоро занҳо ташкил дода, 1459 нафар бо патент ва 407 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...