Навгонӣ
14 Март 2018
Мулоқоти имрӯзаи мо дар арафаи ҷашни касбии кормандони мақомоти прокуратура баргузор мегардад. Бинобар ин, ҳамаи кормандони мақомотро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо, аз ҷумла ба ҳар яки шумо, ҳозирини муҳтарам, саломативу барори кор орзу менамоям.
Эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки кишвари мо дар ин самт бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст, қабл аз ҳама, ташаккули шохаҳои мустақили ҳокимият ва ниҳодҳои давлатии мутобиқ ба принсипҳои демократии давлатдориро тақозо менамояд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки мо дар даврони истиқлолият тавассути ислоҳоти амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками давлатдории муосири миллиамонро фароҳам овардем.Муфассал... Шарҳ додан