Навгонӣ

Наврӯзи хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1Муҳассилину омӯзгорон ва волидайни литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдати миллӣ, фазои орому осоиштаи кишвар Наврӯзи байналмилалро дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намуданд.

Хонандагони синфҳои болоии литсей бо оростани дастархони наврӯзии фарогир бо ҳафт сину ҳафт шин ва ҳафт мим, таъомҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд. Ҷавонписарон бо пухтани оши палав, замзамаи суруди дӯстони домод ва дигар таронаҳои наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуданд. Байни духтарон ва писарон санъати бадеҳагӯйӣ бо маҳорати хуб ироа гардид. Толибаҳои литсей маҳсули дӯхти ҳунарҳои мардумии хешро ба маърази тамошо гузошта, онро муаррифӣ намуданд. Гулдухтарон дар намоиши либосҳои мӯди миллӣ фаъол буданд.

Наврӯзи “Мевағул”Маҳаллаи «Мевағул»-и шаҳри Хуҷанд дар МТМУ 22-и шаҳр чорабинии наврӯзии хешро ботантана таҷлил намуд. Муҳассилини мактаби номбурда маҳсули ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузошта, ҳамчунин дастархони наврӯзиро бо таъомҳои миллӣ ва ҳафт сину ҳафт шин оро доданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мӯҳсин Миркамолов Номаи табрикотиии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилал ба самъи сокинони маҳаллаи “Мевағул” ироа намуд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: «Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни муқаддасу мубораки мо бо пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии  мамлакатҳои дигар аз ҷониби  Созмони Миллали Мутаҳҳид мақоми  ҷаҳонӣ  гирифта, аз соли 2010 инҷониб дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомоти хоса ҷашн гирифта мешавад.

Эҳёи бозиҳои миллӣ баҳри худшиносии наврасонБо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 18-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Осим Каримзода -  сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврӯз мебошад.

Кӯмакҳои наврӯзии Раиси вилоят ба собиқадоронДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба собиқадорон расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: «Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даар шароити кунунӣ воқеан ташаббусҳои Сарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад.

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...