Навгонӣ
20 Март 2018
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.
Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба собиқадорон расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: «Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даар шароити кунунӣ воқеан ташаббусҳои Сарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад.Муфассал... Шарҳ додан