Навгонӣ

Таъини 4 раисони нави кумитаи маҳаллаҳои шаҳри ХуҷандТибқи Амри Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 4 раисони нави кумитаи маҳаллаҳои шаҳр таъин гардиданд. Ҳамин тавр, раиси кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» Ҳусейн Азизов, раиси кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз»  Абдуҳабиб Ҳомидов, раиси кумитаи маҳаллаи «Чашмаи Арзана» Мубин Маҳмудов ва раиси кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат» Раҳим Обидов ба вазифаҳои хеш шуруъ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифӣ ва вазифагузорӣ ба раисони нави кумитаҳои маҳаллаҳо таваҷҷуҳи эшонро пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода равона сохта, аз ҷумла таъкид намуд, ки вазифаи аслии раисони маҳаллаҳо хизмат ба мардум, ободу хуррамнамоии муҳити маҳал, раҳнамоии бошандагон баҳри созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Биё, эй Ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем!Ватанпарастӣ арзиши муқаддас буда, дар он мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин ифода меёбад. Ватан маъвои ҳар шаҳрванди бо нангу номуси миллат маҳсуб ёфта, эҳтирому арҷгузорӣ ба он вазифаи муқаддас ва бошарафи ҳар ҷавонмард мебошад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва ба тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин созад». Ҳамзамон, дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: «Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Хонандагони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд 19 медал ба даст оварданд Дар шаҳри Душанбе дастаи варзишии хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд бо ҳайати 10-нафар дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок карда, аз рӯи се намуд: варзиши сабук, тениси рӯи миз ва футбол қувваозмоӣ намуда, соҳиби 19 медал гардиданд.

Ҳамин тавр, хонандагони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд, ки  аз ин миқдор 8-ададаш медали дастаи футбол   мебошад.

Инчунин дар бахши намоиши корҳои дастӣ бахшида ба Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷои дуюм ва Сипосномаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон гардиданд.

Нуқтаи хайру эҳсони маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд ба 4000 нафар кӯмак намудБо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ, алалхусус ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дар шаҳри Хуҷанд силсилаи тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Ду сол инҷониб  дар маҳаллаи «Ваҳдат» бо иқдоми шаҳрванд Нуъмон Ҳасанов нуқтаи хайру эҳсон амал мекунад, ки то ба имрӯз ба 4000 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд либосу пойафзол, чиниворӣ ва дигар лавозимоти хонаро ройгон дастрас намудааст.

Дар навбати худ имрӯз зиёда аз 1600 нафар шаҳрвандони сазоватпеша ва савобҷӯйи шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ ба нуқтаи хайру эҳсон либосҳои тозаи мардонаю занона, бачагона, пойафзоли ҳархела, аспобу анҷоми изофагии ба рӯзгор истифодашавандаи хешро оварда супоридаанд.

Заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд шуҳрати пешинаашро барқарор менамоядРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамъияти саҳҳомии фаръии заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд боздид намуд, иттилоъ медиҳад, Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни боздид ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки то санаи 2 апрел наздик 11 ҳазор қуттии тухми кирмак ба кирмакпарварони шаҳру навоҳӣ тақсим карда шудааст. Санаи хобонидани тухми кирмак аз 24-уми март оғоз гардида, санаи зиндашавии он аз 4-уми апрел шурӯъ мегардад.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат бо масъулини соҳа, пилларо ҳамчун ашёи пурқиммати саноатӣ маънидод намуда, рушди соҳаи кирмакпарвариро бар нафъи кор арзёбӣ кард. Зеро фаъолияти якчанд корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла “Атласи Хуҷанд” ва “ВТ-Силк”маҳз ба ашёи хоми пилла вобастагӣ дорад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...