Навгонӣ
12 Май 2018
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо мардуми мусулмони олам, аз ҷумла сокинони кишвари мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор доранд, ки ҳамчун айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб рӯзи 17-уми май фаро мерасад.
Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан саломативу саодатмандӣ, сабру таҳаммул ва дар хонадонашон фазои орому осуда ва файзу баракат орзу менамоям.
Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад.Муфассал... Шарҳ додан