Навгонӣ

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Сутунпояи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 43 метр бунёд гардида, ин макон ба ҷойи назаррабо ва мавзеъи сайру гашти дилписанди сокинон табдил ёфт.

Парчами давлатӣ  7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.  Дар гирду атрофи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, назди Маҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои шукуфон шинонида шудааст. Ҳамзамон дар атрофи боғ ва сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда  насб гардида, чароғон кунонида шудааст.

altХуди ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории хеш дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассами шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд ифтитоҳ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанвӣ парда аз болои муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон-шоҳ Исмоили Сомонӣ бардоштанд.

Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Конибодом бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ дар асоси сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.

altДар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт.

Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Шарикони рушд ҳавасмандии худро барои оянда саҳмгузорӣ кардан дар тарҳҳои коммуникатсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Дар маҷмуъ дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар 3 қитъа 45,1 километр роҳ ба истифода дода шуд.

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои мақомоти прокуратураи шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.  Бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, барои кормандон шароити муосиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Зимни ба истифода додани  бино, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро  ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро туҳфаи арзанда дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик таърихӣ ва тақдирсоз муҳим арзёбӣ намуданд.

altДар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нозир Олимов навсозӣ гардида, масоҳати умумии он бештар аз 1 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа моҳи ноябри 2017 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Барои навсозии Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» тақрибан 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, бо ин мақсад 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Дар маҷмуъ иншооти нави хизматрасонӣ дорои тарабхона барои 150 нафар, чойхона барои 200 нафар, мағозаи хӯрокворӣ ва ошхона мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...