Навгонӣ

altДирӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии шахсони маъюб, қувваи босираашон суст ва нобино, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши шашка ва шоҳмот дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино баргузор гардид.

Ин мусобиқа, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар шахсони қувваи босираашон суст ва нобино иштирок намуданд.

(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини Раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Ғолибшоҳ Убайдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода санги асос ба сохтмони зеристгоҳи барқии”Темурмалик”, воқеъ дар кӯчаи ба номи Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи нави барқии шаҳри Хуҷанд бо номи «Темурмалик» бо харҷи 4 миллион доллари Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид давоми 18 моҳ, яъне то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , моҳи сентябри соли 2019 сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин зеристгоҳ 2 трансформаторҳо бо иқтидори 25 000 кВТ. Ампера бо шиддати 110/10 кВТ насб мегардад. Ин имкон медиҳад, ки кори 4 зеристгоҳи дигари шаҳрро камбор намуда, таъмини барқро муваффақона роҳандозӣ намояд.

altДар КВД «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои занҳои хонашин семинари омӯзишӣ дар мавзуъи «Банақшагирии тиҷорат ва сохтори нақшаи тиҷоратӣ» баргузор шуд, ки дар он беш аз 30 нафар бонувон иштирок доштанд.

Дар семинар аз ҷониби мутахасисон доир ба сохтори бизнес-нақша, бизнес-ғоя, консепсияи бизнес –нақша ва роҳҳои созмон додани корхнаҳои хурду миёна машғулиятҳо гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки семинари мазкур дар заминаи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ ва тарғиби фаъолияти соҳибкорӣ байни аҳолӣ барои соли 2018» сурат гирифт.

altИмрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии кӯчаи Усмон Қосимов, маҳаллаи Тиллокон, яъне роҳи байни микроноҳияҳои 12-13 оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ дар назди бошандагони микроноҳияҳои номбурда ва фаъолони шаҳр иброз дошт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи ободонию созандагӣ эълон шудааст ва ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии вилоят беш аз 3000 иншооти таъиноташ гуногун, аз қабили мактабу беморхона, чойхона, корхонаҳои саноатӣ, майдончаҳои варзишӣ, кошонаи ҳусн, маркази савдо, ҳаммомхона, мумфаршкунии роҳҳо, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ, чароғонкунӣ ва дигар амалҳои созандагӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳ ва ғайра сохта ва ба истифода дода мешаванд.

altҲоло дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд тамоюли мусбати рушди иқтисодиётӣ дар шароити марҳила ба марҳила амалӣ гардидани ҳадафҳо оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, рушди инфрасохтори нақлиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, алалхусус дар самти истеҳсолӣ ва таҳкими робитаҳои хориҷӣ идома дорад.

Дар рушди бемайлони иқтисодиёти шаҳр муомилоти гардиши молҳо саҳми арзанда дошта, ҳаҷми он нимсолаи якуми соли 2018 ба 1581 млн. сомонӣ расида, ҳаҷми хизматрасониҳо 579,8 млн. сомониро ташкил дода, онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта бо нархҳои ҷорӣ мутаносибан 46,6 ва 25,5 дар сад афзоиш ёфтаанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...