Навгонӣ
27 Июл 2018
Ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии Раиси Комиссия, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баргузор гардид.
Фирӯза Нуруллозода ҷаласаро оғоз намуда, аъзои Комиссияро бо рӯзномаи он ошно намуд. Сипас, Фирдавс Маҳмадалиев, котиби Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз фаъолияти 6 моҳаи Комиссия иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин муддат тибқи нақшаи тасдиқгардида фаъолияти худро ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонд.Муфассал... Шарҳ додан