Навгонӣ

altСубҳи имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва оромию осоиштагии кишвар дар масоҷиди ҷомеаи шаҳр намози ид хонданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масҷиди Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, намозгузорон ва кулли мардуми Хуҷандшаҳрро бо Иди саиди Қурбон табрику тахният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Иди Қурбон ҳамчун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил мегардад. Зеро ин иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию равшанӣ, таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷҷи акбар ба шумор рафта, аз фарҳанги щании исломӣ сарчашма мегирад ва муслиминро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.

alt20 август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент, татбиқу дар амал ҷорӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои ободонию созандагӣ, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии худро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои неку назаррас ва бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягӣ анҷом ёфт, натиҷагирӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ин сафар бо натиҷаҳои пурсамар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

altАз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд дастархони идона ороста ва аскарону афсаронро бо Иди Қурбон табрик намуданд.

Раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон ба самъи аскарон ва афсарони қисми низомии Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова омада, Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди Қурбон расонд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусулмонони кишвар аз арзишҳои фарҳангиву динӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ба таври васеъ баҳравар гардида, маросиму суннатҳои динии худро озодона ба ҷо меоранд. Мардуми шарифи мо хуб медонанд, ки амалҳои хайри дар ин рўзҳо анҷомдодаи онҳо, яъне дароз кардани дасти мадад ба ҳоҷатмандону мўҳтоҷон, хурсанд кардани ятимон, аёдати беморону куҳансолон ва кўмак ба оилаҳои камбизоат боиси мустаҳкам шудани меҳру муҳаббат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад ва онҳоро ба ҳамдигар наздиктар менамояд.

altТабрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба Иди саиди Қурбон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям.

Фазилат ва шарофатҳои ин иди муборак барои мо аз гузаштагони некӯномамон чун пайвандгари давру замон ва мероси муқаддас боқӣ мондааст ва ин нишони ваҳдат, ягонагӣ ва меҳру садоқат ба инсонҳо мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...