Навгонӣ
17 Сентябр 2018
Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зиёда аз 150 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои марбутаи он ва аҳли фарҳанг бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин ҳашари пахтачинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳузур дорад, фаъолона иштирок намуд.
Ҳашарчиён дар хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви минтақаи Варашилобод ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.Муфассал... Шарҳ додан