Навгонӣ
23 Октябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 50 адад корхонаву муассисаҳои шаҳри Хуҷанд бо фарогирии беш аз 26 000 нафар барои ободониву тоза намудани гирду атрофи биноҳои худ ва кӯчаҳои асосии шаҳр баромаданд.
Ҳамин тавр, шахрвандон ба воситаи ҳашар 60 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, беш аз 400 дона гул шинонида, якчанд майдонҳоро кабудизор намуданд.
Ҳамзамон ба масоҳати зиёд роҳрав ва ҷӯйборҳои кӯчаю маҳалла тоза карданд ва дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 30 тонна партов аз шаҳр бароварда шуд.
Ҳашарчиён тани 65 бех дарахтҳоро сафед намуда, масоҳати зиёди майдони заминҳои ҳудуди корхонаро аз алафҳои бегонааш тоза намуданд.
Читать полностью