Навгонӣ
15 Март 2018
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ №26- и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзии маҳаллаи "1 май" таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ аҳли маҳалла, фаъолон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хонандагону устодони мактаби номбурда иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад. Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст.Читать полностью