Навгонӣ
28 Март 2018
Недоступен ни однин перевод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби пудратчиён ҶСП "АСТ-Сохтмон" ва ҶДММ “ПМК-278” бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.Читать полностью