Навгонӣ
26 Апрель 2018
Недоступен ни однин перевод.
Дирӯз дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо хузури Раиси ноҳия Зариф Мирдадо даври ниҳоии озмуни вилоятии “Техникони наврас”, ки бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сурат мегирад, натиҷагирӣ карда шуд.
Дар даври вилоятии озмун наздик 300 нафар хонандагон аз 18 шаҳру навоҳии вилоят лоиҳаҳои худро пешкаш намуданд. Озмун аз рӯйи 7 бахш натиҷагирӣ карда шуд ва ҷойи аввал насиби шаҳри Хуҷанд гардид. Ҳамин тавр хонандагони шаҳри Конибодом ҷойи дуввум ва ноҳияи Ашт мақоми сеюмро касб намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни номбурда аз МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд Меъроҷ Маҳмудов дар бахши «Радиоконструкторӣ», аз МТМУ №21 Эмомалӣ Аллабердиев дар бахши «Авиамоделӣ», аз гимназияи №4 Баҳодур Абдуллоев дар бахши «Автомоделӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд.Читать полностью