Навгонӣ
15 Май 2018
Недоступен ни однин перевод.
Ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони синфҳои 5-8 аз шаҳри Душанбе сарбаландона баргаштанд. Дар Олимпиадаи мазкур 14 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 10 нафари онҳо мақомҳои гуногунро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, Азамат Шерматов, хонандаи литсейи донишкадаи политехникӣ, Амон Файзиев, муҳассили мактаби хусусии Рустамов, Машҳура Юлдошева, толибаи литсейи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мақоми аввал, Манучеҳр Турсунов ва Иқболи Илҳом хонандагони муассисаи хусусии «Гулчини маърифат» ва Абдурасул Урунбоев, муҳассили литсейи ДДҲБСТ ҷойи дуюм, Абдураҳмон Собиров, Неъматулло Сайфуллоев ва Фарид Файзиев, муҳассилини литсейи №1 ба номи академик М. Осимӣ, Олимҷон Исроилов, талабаи литсейи донишкаи политехникӣ зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Читать полностью