Навгонӣ
16 Май 2018
Недоступен ни однин перевод.
Ба китоби муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз як саҳифаи нав зам гардид. Имрӯз баъди интизориҳои зиёд хатсайрҳои масири “Хуҷанд-Тошканд” ва “Тошканд-Хуҷанд” расман ифтитоҳ гардид. Сокинони ин ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар метавонанд тавассути автобусҳои замонавӣ ба шаҳрҳои якдигар сафар намоянд. Гуфта мешавад, ки арзиши роҳкиро дар ин масир 50 сомонӣ муайян шуда, масофаи роҳ 174 километрро ташкил намуда, автобус дар ин масир давоми 4 соати 30 дақиқа ҳаракат менамояд.
Имрӯз як гурӯҳи корӣ тавассути нахустин автобус аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Дар маросими мазкур муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Читать полностью