Навгонӣ

Недоступен ни однин перевод.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳандӯсти тоҷик муяссар гардид. Имрӯз шукргузор аз онем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем.

Сулҳ барои мо, тоҷикон, бо нархи ҷон муяссар гаштааст. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абрҳои сиёҳ фазои сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд. Дар натиҷа сулҳу ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва миллати тоҷик аз маҳвшавӣ эмин монд.

Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1997 ба имзо расид,боз ҳам мустаҳкам намуд.  Мардуми кишвар зери Парчами Истиқлолият ва ғояҳои Ваҳдати миллӣ дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ватани соҳибистиқлоли хешро беш аз беш афзун мегардонад.

Недоступен ни однин перевод.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид, ки хатари он дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баръало мушоҳида гардид.

Солҳои охир зӯроварӣ, фишороварӣ, экстремизм ва терроризм барин мафҳумҳо зиёд ба гӯш мерасанд ва тавассути воситаҳои ахбори омма маълумотҳо расонида мешаванд.

Ифротгароӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Он асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда ба амнияти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, ба Тоҷикистони азизи мо низ таҳдид мекунад. Террор содир намудани амалҳое мебошад, ҳки хатари маргро ба миён меоварад, мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ мебошад, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузургӣ иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги  шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм  ва  экстремизм аст.

Недоступен ни однин перевод.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ ва бекорон, шиддат гирифтани гуруснагӣ ва проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гадидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.

Алҳол дар ҷаҳон экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо ба қайд гирифта шудааст. Экстремизми наврасон ва ҷавонон дар ифодаи қувваи зиёд, хушунат, таҷовуз ва куштор, адоват ба гуногунадеши ва амсоли он асос ёфтааст.

Экстремизми ахлоқӣ- таҳаммулнопазирии шадид ва навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтор, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботи маънавӣ, накӯкорӣ ва ахкоми диннӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либоси бегона мебошад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ- сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ вобаста мебошад.

Недоступен ни однин перевод.

Дар  ҷаҳони  муосир  равандҳо  ва  зуҳуроте  мавҷуданд,  ки  танҳо  ба  як  кишвар  ва  ё  як  минтақа  не , балки  ба  тамоми  кишварҳои  ҷаҳон  ва  дар маҷмуъ  ба  кулли  мардумони  сайёра  таҳдид  мекунанд.

Созмонҳои  экстремистию  террористӣ  фаъолияташонро  вобаста  ба  паҳн намудани  ғояҳои  тундравона,  барангехтани  кинаю  адоват  ва  низои  мазҳабӣ  дар  ҷомеа,  ба  сафҳои  худ  ҷалб  намудани  ҷавонон  ва  содир  намудани ҷиноятҳои  дорои  хусусияти  экстремистӣ  пурзӯр  намуда,  мехоҳанд  сохти ҷамъиятӣ-сиёсии  ин  ё  он  кишварро  бо   роҳи  зӯроварӣ  тағӣир  диҳанд.

Айни  замон  гурӯҳҳои  террористӣ  барои  анҷом  додани  ғаразҳои  сиёсии  худ фаъолият  доранд  ва  мақсади  асосии   ин  гурӯҳҳои  терористӣ, пеш  аз  ҳама расидан  ба  ғаразҳои  сиёсии  иқтисодист.

Махсусан  барои  гирифтани  нуқтаҳои  коркарди  нафту  газ  ва дигар  сарватҳои зеризаминӣ,  ки  миллиардҳо  арзиш  доранд  ҷаҳд  мекунанд.  Лекин  пеш  аз гирифтани  бойгариҳои  ҳар  як  сарзамин,  аввал  ҳамон  минтақаро  хароб гардонида,  ба  ҷангҳои  бародаркушӣ,  бесарусомонӣ  ва  поймолкунии  ҳуқуқҳои инсонӣ  оварда  мерасонанд.

(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти ҷомеаи омӯзгорӣ оиди ҳизби террористии наҳзати ислом

Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад. Эмомалӣ Раҳмон.

Бале, яке аз масъалаҳои ташвишовари имрӯзаи халқи тоҷик ин берун будан аз урфу одатҳои тоҷиконаи худ ва парастиш намудани урфу одат ва анъанаҳои дигар давлат аст. Омилҳои асосии он пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки мо таърихи худ, дини худ ва пайдоиши онро хуб дарк карда наметавонем, аз ин лиҳоз аксарияти ҷавонони имрӯзаи мо ба сабукдӯшӣ дода шуда, гумроҳ мешаванд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт ҳизби давлатӣ фаъолият мебарад, ки аз қатори онҳо Ҳизби наҳзати ислом бардошта шудааст зеро, аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералиро дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) – террористӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи (Наҷот) бастани вебсайти интернетии ҳизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видео сабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд. Муайян карда шуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 4-декабри соли 1991 ташкил шудааст.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...