Навгонӣ
25 Июнь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи рӯзи 24-уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Кончоч гарму самимӣ сурат гирифт.
Нахуст дар ин мавзеъ Сарвари давлат аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи Айнӣ дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсули заҳмати сокинони ноҳия, хоса маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ба таври васеъ ба маъраз гузошта шуда буд.Читать полностью