25 Июнь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов оғози расмӣ бахшиданд.
Хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни хобгоҳ бо самимияти хосса ва рӯҳияи созанда истиқбол гирифтанд.
Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи хобӣ, ҳуҷраи роҳбари муассиса, ҳуҷраи сармуҳосиб, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Хобгоҳи мазкур бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ошхонаи тобистона ва ҷиҳати ба варзиш ҷалб намудани тарбиятгирандагон варзишгоҳи хурди футбол низ бунёд карда шудааст. Дар интернати наздимактабӣ 50 нафар тарбиятгиранда бо шумули 13 нафар ятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.