Навгонӣ
06 Июль 2018
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд» маросими ифтитоҳии Ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо “Суғд-водии имконот 2018” бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони корпусҳои тиҷоратии минтақавӣ ва хориҷи дур баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо “Суғд- водии имконот 2018” бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир доир гардида истодааст, ки дар он иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Кореяи ҷанубӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳамзамон соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ бо молу маҳсулоти худ ҳузур доранд.Читать полностью