Навгонӣ
12 Сентябрь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Нимаи дуюми рӯзи 11-уми сентябри соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.
Меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилоят, ноҳия, аҳли санъату фарҳанг ва фаъолон бо меҳмоннавозии хоси мардуми куҳистони Дарвоз ва меҳру садоқати беандоза истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии омоданамудаи сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи куҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.Читать полностью