21 Январ 2015
Раҷаббой Аҳмадзода сараввал ба манзили истиқоматии Мавҷуда Аҳророва, ки таи наздик 40 сол дар мактаб парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон сусти шаҳри Хуҷанд таълим медиҳад, омад. Ин муаллимаи собиқадор аз Раиси шаҳри Хуҷанд барои таъмири манзили истиқоматиаш дархост намуда буд. Баъди шиносоӣ бо вазъи иҷтимоии Мавҷуда Аҳророва ба мутасддиёни бахши манзил ва сохтмону меъморӣ супориш дод, ки ба ҷои хонаҳои кӯҳнаю фарсудаи дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, манзили нави истиқоматӣ бо тамоми шароитҳои мавҷуда сохта дода шавад.
Оилаи Азимовҳо ва Саидовҳо бошад дар рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани шароити манзили зисти худ дархост намуда буданд. Ҳангоми боздид аз манзили ин ду оила маълум гашт, ки дар дар масоҳати 0,4 га 4 оилагӣ ба теъдоди 13-15 нафари аъзоён истиқомат мекунанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини шӯъбаи манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин дархости оилаҳои мазкур ба комиссияи манзил пешниҳод карда шавад.
Ҳамзамон ба оилаҳои номбурда кӯмаки моддӣ низ расонда шуд.