(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ПОЯНДАВУ ХУҶАСТА БОД, НАВРЎЗИ ВАТАН!

Шаҳрвандони гиромӣ, сокинони ин шаҳри хуршедӣ, меҳмонони азиз!

Наврўзи ҷаҳонӣ ин ҷашни бузурги миллӣ лаҳза ба лаҳза наздик мешавад ва дар фазои шаҳрамон шукронаи пирон, нашъунамои наврасону ҷавонон, шодиву нишоти кўдакон ба як тантанаи ғалабаи гармӣ ба сардӣ, торикӣ ба рўшноӣ табдил мешавад ва ҳамагон бо суруру шодмонӣ соли нави аҷдодиро истиқбол мекунанд.

Соли нави аҷдодӣ тараннумгари зебоиву накўӣ буда, як ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат аст. Яъне дар нимкураи шимолии Замин фасли сармо поён меёбад ва рўзгори гарму нарм фаро мерасад. Кам шудани сардӣ, об шудани ях ва нарм шудани ҳаво ба одамон пайки шодӣ мерасонад.
Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд нест, зеро Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъаноти неки ниёгони арҷманди мо мебошад.
Барои ҷаҳонишавии Наврўз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Бо талош ва пофишориҳои Пешвои миллат 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, Қарорномаи “Рўзи ҷаҳонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва соли 15-ум аст, ки дар кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил мегар-дад.
Ба ин муносибати хуҷаставу ифтихорӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шуморо самимона шодбод мегўям. Бигузор ин ҷашни ҷаҳонӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибис- тиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, нерўи созандаву офаранда ва баракату фаровонии зиёд оварад.
Воқеан, як хусусияти хоси ҷашни Наврўз барои ориёиҳои аҳди бостон иборат аз ин буд, ки дар ин рўз ба ҳамдигар ҳадя мефиристоданд ва бо ҳамин расм меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар зиёд менамуданд. Расми дигари ориёиҳои қадим ин аст, ки онҳо дар рўзи нав ҳафт намуди ғалларо дар канори хона мекоштанд ва аз рўидани ин ғалла натиҷаи зироатро барои оянда пешгўӣ менамуданд. Дар ин рўз хосу оми кишвар либоси тозаю нав ба бар карда, ба тамошогоҳ мерафт ва Наврўзро, ки сароғози сол, иди соли нав, иди сари сол ҳам мегўянд, тантана мекард.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврўз – ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё ва мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кўдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунёди боғҳои наздиҳавлигӣ, корхонаҳои истеҳсоливу роҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Сокинони Хуҷандшаҳр масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк мекунанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.
Мо имрўз дар фазои озоду сулҳу субот, дар кишвари соҳибихтиёру обод Наврўзро мутантан таҷлил менамоем. Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, тақозо дорад, ки тамоми нерўи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созем.
Ҷашни Наврўз ҳамчун пайвандгари дирўзу имрўз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси аҷдодонамон барои мардуми фарҳангсолори мо, чун ҳамасола ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат менамояд.
Бори дигар кулли меҳмонон ва ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии соли нави аҷдодӣ, ба муносибати ҷашни бузурги милливу ҷаҳонии Наврўз самимона муборакбод мегўям.
Бошад, ки Наврўз бо омадани хеш ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи баланд, зиндагии орому осуда, муваффақият дар ободӣ ва шукуфоии ватан оварад.
Наврўзи дилафрўз муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...