20 Март 2025
Таҳти ин унвон санаи 20 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии хусусии "Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд тантанаи бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ташкил ва баргузор гардид.
Нахуст директори Литсей номзади илмҳои филологӣ Сурайёхон Неъматзода кулли омӯзгорон, хонандагон, волидайн ва сокинони кишварро бо ҷашни бошукӯҳи миллӣ - Наврӯзи хуҷастапай сидқан табрику таҳният намуд. Мавсуф дар суханронии хеш қайд намуд, ки маҳз тавассути хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯзи бостонии мо ҷаҳонӣ гашт. "Фазилатҳои Наврӯз ободкориву тозакорӣ, навандешиву навсозӣ, мубарро сохтани зоҳиру ботин ва андешаву афкор аст, ки башарият ба он аҷр гузоштааст. Бо ибтикори Пешвои миллат дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгирӣ ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилал рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлати мо гардидааст. Ҷаҳонишавии Наврӯз пеш аз ҳама эътирофи дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик буда, рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, пайванди наслҳо, эҳёи табиат, ҷашни офариниш, шодиву нишот ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмат маҳсуб меёбад" - афзуд ӯ!
Дар идомаи чорабини дар саҳни муассиса аз ҷониби хонандагони синфҳои ибтидоии муассиса анъанаҳои Наврӯзӣ аз ҷумла: "Дастархони ҳафт син ва ҳафт шин", "Бозиҳои миллӣ" ба намоиш гузошта шуда, таоми миллии Наврӯзӣ "Суманак" низ омода ва хеле ҷолиб пешниҳод гардид.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки фарогири мавзуъҳои ватандӯстӣ, Тоҷикистон, Ватан ва Наврӯзи Аҷам буд ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид. Арӯси сол ва Бобои деҳқон аз омади фасли зебои сол - Баҳори хуррам ва оғози кишту кор муждаи сабз доданд.
Ҳамчунин хонандагони Литсей бо 12 забон сокинони ҳавзаи Наврӯзи Аҷамро табрику таҳният намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири хушҳоливу болидасозии табъи иштирокчиён ҳофизони номвари Хуҷандшаҳр Аъзам Ахмедов ва Шарифҷон Шамсиевдар васфи Наврӯзи хуҷастафол сурудҳои ҷаззоб сароиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд