20 Март 2025
Дар кӯдакистони №4-и шаҳри Хуҷанд бо ташкили як маҳфили пуршукуҳ барои дустрӯякон Наврӯзи нозанин таҷлил карда шуд.
Шеъру сурудҳои наврӯзӣ ба дили кӯдакон шодиву сурур бахшид. Рамзҳои Наврӯз оинҳои он ба маърази тамошо гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Оинҳои Наврӯз таҷассумгари ормонҳои башариянд ва дар ин росто он аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори сарсабз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз буда, аз нигоҳи ситорашиносон, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сония соли нав фаро мерасад. Яке аз суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз- ин бахшоиши гуноҳҳо, аз дил дур намудани кинаву адоват, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур ба зулмот буда, дар маҷмӯъ, Наврӯзи ҷаҳонӣ тараннумгари саодати башарият аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд