20 Март 2025
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни Наврузи оламафрӯз чорабинии идона баргузор гардид.
Хонандагон дар васфи Наврӯз шеъру суруд хонда, оинҳои неки онро иҷро намуданд. Таъкид шуд, ки зииёгони соҳибмаърифати мо дар ин рӯзи нав нахуст оташ меафрӯхтанд, зеро он нишонаи ҳаёт ва рамзи офтоби оламафрӯз аст. Бо фурӯзон кардани оташ дилу нияти худро равшанӣ мебахшиданд ва рӯзгорашонро бо ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо, озодагиву зебоипарастӣ ва инсондӯстиву созандагӣ ороста медоштанд. Ба таъбири дигар онҳо Наврӯзро ҳамчун муждаи аввалин баҳори хуҷастапай, эҳёи табиат, бедоршавии замин ва оғози киштукор истиқбол мегирифтанд ва гиромӣ медоштанд. Ин амал пеш аз ҳама шӯълаи меҳру муҳаббатро дар дил мепарварад ва ғубори кинаву кудуратро аз байн мебарад.
Махсусан ёди гузаштагон, эҳтироми бузургсолон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинондани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, зиёрати пирони барнодил, ранҷурону беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон, аз ҷумлаи анъаноти нек ва суннатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам маҳсуб меёбад.
Директори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд Манзура Муинзода ҳамагонро бо Иди Наврузи нозанин таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентим амлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилал гирифт ва имрӯз нафақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд