19 Март 2025
Ҷашни Наврўзи оламафрӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд дар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Хонандагону омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ бо суруду тарона ва шеърҳои наврӯзӣ таъкид доштанд, ки Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд. Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Наврўзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст.
Муҳассилин бо иҷрои суннатҳои наврӯзӣ ва урфу одати тоҷикон бо чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.
Саҳначаҳои ҷолиб намоиш ва суруду таронаҳои дилангез сароида шуд.
Муассисаи гимназияи “Ганҷ” Файзуллоҷон Файзиев ҳамгаонро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки боиси хурсандӣ аст, ки бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи чанд сол аст, ки Наврӯзи оламафрӯз тибқи қарори Созмони милали Муттаҳид дар сатҳи байналхалқӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик аст. Наврӯзи имсоларо мо дар рӯзҳое ҷашн мегирем, ки кулли сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри бостонии Хуҷанд ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати суботкорона доранд.
Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.
Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд