19 Март 2025
Субҳи имрӯз иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» ба "Қалъаи Хуҷанд"-шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи Қалъаи таърихӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода истиқбол намуданд.
Сипас, дар толори зебову боҳашамати Қалъаи Хуҷанд Раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайти ҷавонони хориҷӣ иштирокчии Фестивали байналмилалии ҷавонон дидору суҳбат намуданд.
Раиси вилоят, ҷавонони иштирокчии чорабинии байналмилалиро ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз таҳният гуфта, қудуми онҳоро ба кишвари офтобии Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд самимона хайрамақдам намуда, ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар барои устуворгардонии пайванди дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои олам ва роҳандозии чунин як чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ изҳори ташаккур намуданд.
Раиси Кумита дар навбати хеш дар шахсияти роҳбарияти вилоят ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати ҳамкориву ҳамоҳангӣ дар баргузории Фестивали ҷаҳонии ҷавонон "Navruz Youth World Festival" арзи сипосу миннатдорӣ баён дошта, ба кори фестивал барору музаффарият таманно намуданд.
Зимнан, роҳбарони ҳайатҳои ҷавонони кишварҳои иштирокчии Фестивал низ суханронӣ намуда, ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати дар чунин як фазои хубу гуворои идонаи баҳорӣ ба ҳам овардани қалбҳои ҷавонон бо мақсади таҳкими сулҳу дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои иштирокчӣ арзи ташаккури ҷониби кишвари хешро баён доштанд.
Бояд қайд намуд, ки Фестивал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.
Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё 15 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, то 21 март дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ идома меёбад.
Имрӯз, 19 март меҳмонон ба шаҳри Хуҷанд омада, аз "Қалъаи Хуҷанд" ва дигар ҷойҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд боздид хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд