18 Март 2025
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳудуди Маҷмааи варзишии "20 солагии Истиқлолият"-и шаҳри Хуҷанд беш аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабзи Саври аризонӣ шинонида шуд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар кабудизоркуниву хуррамгардонии ин мавзеъи шаҳр саҳм гузоштанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи иншооти маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур супоришҳо дод.
Таъкид гардид, ки дар ин мавзеъ, ки макони истироҳату тафреҳ ва машқу тамрин мебошад, бештар дарахтҳои ҳамешасабзу ороишӣ бояд шинонида шаванд, то ин, ки ба беҳбудбахшии муҳити зист мусоидат намояд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд