18 Март 2025
Аҳли тарбиятгирандагон ва мураббиёни кӯдакистони “Наврӯзи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ Иди Наврўзи байналмилалро дар фазои идонаю беғаши кӯдакона ҷашн гирифтанд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби кўдакон ва мурабиёни муассисаи томактабӣ урфу одат ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуда, шеъру суруд ва таронаҳои наврўзӣ сароида шуд.
Кўдакон фаро расидани баҳор ва фазилати Наврўзи ҷаҳониро бо истеъдод ва маҳорати хосса дар саҳнаҳои хеш ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар дег сумалаки наврӯзӣ пухта, дастархони идонаи наврӯзи бо ҳафт син ва ҳафт шин густурда шуд.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар маҳфил иштирок намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дод.
Таъкид шуд, ки Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд. Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд