16 Март 2025
Имрӯз гурӯҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути хатсайри Бишкек-Хуҷанд-Бишкек ба воситаи ширкати ҳавопаймоии "Асман Эйрлайнс" ба ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" ташриф оварданд.
Меҳмононро, ки аксаран намояндагони васоити ахбори омма ва блокнависон буданд, роҳбарияти МИҲД-и вилояти Суғд ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар фазои дӯстиву рафоқат бо меҳмоннавозии хосаи тоҷикона истиқбол гирифтанд.
Ташрифи меҳмонон дар заминаи мулоқоту вохӯриҳои сарони кишварҳои дӯсту ҳамсоя Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Ҷабборов роҳандозӣ шуда, онҳо аз мавзеҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Суғд дидан карданд.
Дар хатсайри мазкур ҳамчунин намояндагонии Агентии авиатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон ва роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Асман Эйрлайнс" ташриф оварда, амалӣ намудани хатсайри самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкекро бо ҳамтоёни тоҷики хеш баррасӣ карданд.