14 Март 2025
ПУШТИБОНИ ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОНЕД
Кормандону собиқадорони мақомоти прокуратура!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳи махсус нисбат ба фаъолияти пурсамару натиҷабахши кормандони мақомоти прокуратура, ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ, дар яке аз сӯҳбатҳояшон чунин таъкид доштаанд:
«Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст». Барҳақ, кормандони ин мақомот дар раванди босуботи ҷомеаи кишвар собитқадамона кору пайкор намуда, волоияти қонунро назорат мекунанд ва дар мизони қонун ҳуқуқвайроншавиҳоро танзим менамоянд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 – март дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура пазируфта шудааст. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ин муносибат шумо, кормандону собиқадорони мақомоти прокуратураро бо иди касбиатон самимона шодбош мегӯям ва дар иҷрои рисолати пуршараф ба хотири таҳкими дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди устувори давлат ва суботу оромии ҷомеа, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муваффақият ва барори кор хоҳонам.
Айёми ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва нооромии дунё моро огоҳ мекунад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар асоси қонунҳои амалкунанда шаҳру кишвари худро аз бенизомиҳо ҳифз намоем.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд, ки «Бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифатнокӣ асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст ва он ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гармиватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Баҳри амалигардонии сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кўшишњои назаррас ва чораандешиҳои доимии Раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти мақомоти прокуратура такмил, шароити мусоиди корӣ таъмин, зиндагии кормандон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, зери таваҷҷӯҳу дастгирии доимӣ қарор доранд.
Умед дорем, ки минбаъд низ кормандони прокуратура ва кулли алоқамандони ин мақомот баҳри боло бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талош меварзанд.
Бори дигар шумо, ҳомиёни қонунро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик гуфта, дар адои хизмати пуршараф ба манфиати халқ ва давлати соҳибистиқлоламон барору комёбӣ, азму иродаи қавӣ, саломатию сарбаландӣ хоҳонам.
Иди касбӣ муборак!